Дарси омўзишӣ оид ба профилактикаи вируси норасоии масъунияти бадан

157 просмотров

8 май дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии вируси норасоии масъунияти бадан-(ВИЧ/СПИД) барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамот машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар он корманди масъули Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) Маҳина Саъдиева оид ба профилактикаи вируси норасоии масъунияти бадан маърӯза намуд. Ў қайд кард, ки сирояти  вируси норасоии масунияти одам қувваи муҳофизавии баданро заиф мегардонад.  ВНМО ба ҳуҷайраҳои муайяни системаи қувваи муҳофизавӣ таъсир мерасонад.

Ӯ афзуд, барои он, ки шахс тавонад бехатарии худро риоя кунад вай ҳатман бояд шароит ва маълумот дошта бошад. Таъмини кормандон бо маводҳои пешгирикунанда ва афзудани дониши онҳо оид ба ин беморӣ вазифаи аслии корфармо аст. Дар ҳар маврид шахс бояд пеш аз ҳама қоидаҳои бехатариро донад, барои мисол дар бораи он, ки кадом маврид бо хуни шахси бегона тамос кардан мумкин аст ва барои ин ҳатман бояд аз воситаҳои бехатарӣ дастпӯшакҳо, айнак, бинибанд истифода кард.

Дар охири  машғулият иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                                      Анвар Юсупов