Гурўҳи корӣ Хадамоти муҳоҷират аз водии Рашт баргашт

138 просмотров

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №16/10-75 бо мақсади саривақт огоҳонидани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути ахбори омма ва вохўриҳою сўҳбатҳо оид ба масъалаҳои омодасосзии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, барқияи фаврии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2018, №7/1160 доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масъунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират, ки онро муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов роҳбарӣ мекард, аз 2 то 5 май, бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва дигар кормандони масъули шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва шаҳри Роғун сафари хизматӣ анҷом доданд.

Ҳайати гурўҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикр гардида зимни вохўриву мулоқотҳо оиди пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2015, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва оид ба «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» муфассал иттилоъ доданд.

Чуноне, ки мо огаҳем, дар доираи сафари расмии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 14-15 март ба имзо расидани як қатор санадҳо ва тибқи Созишномаи байни Ҳукумати ҳар ду кишвар ба тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳудуди давлатҳои ҳамдигар ворид гардидани баъзе тағйиротҳо боиси қаноатмандии шаҳрвандон гардида истодааст.

Имрўзҳо тибқи супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Созишномаҳои байни ду давлат вобаста ба муҳоҷират дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатии шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мардум ба таври васеъ шарҳ дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки шаҳрвандони мо дар ин давлат кор ва будубоши муваққатӣ доранд.

Зимни сафари корӣ, инчунин доир ба масъалаи муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафар оиди тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ. Дар қайди муҳоҷирӣ истодан (мўҳлатҳои он), ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, омодагӣ барои гирифтани патент (ҳуҷҷатҳои лозима), тартиб додани шартномаи меҳнатӣ (мўҳлати он), танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан аз 1 январи 2015 сол мавриди амал қарор мегирад, дар алоҳидагӣ гуфта шуд.          Ҳамчунин ба аҳолии ин минтақа доир ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои муҳоҷири меҳнатӣ ва донистани забону маданият бо мисолҳои равшан маълумот пешкаш гардид.

Муҳоҷирати бехатар ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо кори муносиб дар давлатҳои ҳориҷа махсусан дар минтақаҳои Федератсияи Россия масъалаҳои муҳими вохўриҳо ба ҳисоб мераванд. Имрўз, ки аксарияти муҳоҷирон аз сабаби надонистани забон ва ҳуқуқҳои худ дар мамлакати бегона ба шиканҷа рў ба рў гаштаву аз он давлатҳо берун шуда истодаанд ва дубора воридшавии онҳо хусусан ба қаламраи Федератсияи Россия манъ карда шудааст, пеш аз ба сафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бояд, ки ин нафарон бо кормандони Хадамоти муҳоҷират дар тамос бошанд.

Инчунин дар вохўриҳо оиди барқияи фаврии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, таҳти №202 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия» аз санаи 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростов на Дону, Самара, Саранск, Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷират 1 шабонарўз муқаррар карда шудааст, ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

Аз ҷониби гурўҳи корӣ ба иштироккунандагон маводҳои чопии иттиллоотӣ (буклетҳо, ёддоштҳо ва маълумотҳо) ба миқдори зиёда аз 780 дона тақсим карда шуд.

Инчунин аз тарафи гурўҳи корӣ маводҳо оиди вохўриҳо ва сўҳбатҳо дар рўзномаҳои маҳаллӣ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ба нашр расид.

                                                                                                          Анвар Юсупов