Марҳилаи аввали амалиёти махсус оғоз шуд

117 просмотров

Бо мақсади таъмини иҷроиши талаботҳои саривақтии номаи Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, пурзўр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 15 май дар ҳудуди вилояти Суғд низ марҳилаи аввали чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал – 2018” оғоз ёфт, ки то 23 май идома меёбад.

Дар ин амалиёт гурўҳҳои санҷишии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок менамоянд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи анъана дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нимсола пешқадамони марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал”-ро қадршиносӣ менамояд.

                                                                                     Мардон Қурбонов