Пурсиши сартосарӣ идома дорад

33 просмотров

Сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо пурсиши сартосарии хонаводагӣ мегузаронанд, ки мақсад аз он муайян намудани шумораи нисбатан дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Зеро дар рафти ин пурсиш муҳоҷирони меҳнатии солҳои пеш ба муҳоҷират рафта ё шаҳрвандии дигар давлатҳоро қабул карда низ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Тибқи қоида чунин пурсиш дар моҳҳои июн ва декабр гузаронида мешавад. Вале марҳилаи аввали пурсиш дар вилояти Суғд соли равон моҳи апрел оғоз ёфт. Чуноне ки аз шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли равон дар вилоят пурсиши сартосарӣ барвақт оғоз шуд ва сабаби ин ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят аз 15.03.2018, №391 «Дар бораи гузаронидани пурсиши сартосарии хонаводаҳо» мебошад.

Имрўзҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо дар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо пурсиш гузаронида истодаанд ва дар ин самт корҳои ба нақша гирифташуда бештар аз 80 фисад таъмин шудаанд. Бояд гуфт, ки пурсиш аз рўи ҷадвали тасдиқ намудаи МИҲД-и вилоят гузаронида шуда, ба ғайр аз шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамзамон шумораи умумии аҳолӣ, аҳолии қобили меҳнат, аҳолии ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, нафақахўрон, маъюбон, донишҷўён, бекорон ва дигар табақаҳои шаҳрвандон ба ҳисоб гирифта мешавад.

                                                                                      Мардон Қурбонов