Вобаста ба пешгирӣ аз бемории ВНМО

61 просмотров

Дар асоси вазифагузориҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мааром идома дорад. Шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ин самт ҳамкориро бо марказҳои минтақавии тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондаанд, ки самараи нек дода истодааст.

23 май ҳамин гуна чорабинии маърифатӣ – иттилоотиро бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ доир кард. Чорабинӣ бо ҷалби 75 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва фаъолони ҷомеа дар ҷамоати шаҳраки Бўстон доир гардид.

Вобаста ба мавзўъ дар назди аҳли толор мудири бахш Р. Қурбонов муфассал сухан ронда, ҳамзамон аҳли толорро бо матни муроҷиатномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард.

Қабл аз ҷамъбасти мулоқот ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас карда шуд.

                                                                                       Мардон Қурбонов