Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар моҳи май

48 просмотров

Давоми 2 ҳафта – рўзҳои10-25 майи соли равонҶДММ «Суғдиён Помир Тур», ки дар вилояти Суғд фаъолият намуда, ба мусофиркашонии байналмилалӣ машғул аст, барои сафарбар намудан ба Федератсияи Россия рўйхати 11 гурўҳ муҳоҷирони меҳнатиро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мувофиқа ва баъдан онҳоро сафарбар намуд. Ёдовар мешавем, ки давоми чанд ҳафтаи охир дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа маҳз ҶДММ «Суғдиён Помир Тур» пешсафӣ зоҳир карда истодааст.

Дар умум аз ҷониби ин ширкат 193 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Самара, Толятти, Оренбург, Новосибирск, Новокузнетск ва Тюмени Федератсияи Россия сафарбар шуданд. Аксари кули сафарбаршудагон мард буда, муҳлати муҳоҷирати меҳнатиашон аз ним то як сол пешбинӣ шудааст.

Дар ин муддат ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ашт Маҳмудов Ш. Ю. 36 нафар ҳамдиёрони худро барои кори мавсимӣ ба шаҳриТюмен сафарбар кард.

                                                                   т     Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                                дар вилояти Суғд