Ҷамъбасти бомуваффақияти амалиёт

111 просмотров

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, пурзўр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 15 май дар ҳудуди вилояти Суғд низ марҳилаи аввали чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал – 2018” оғоз ёфт, ки то 23 май идома кард.

Дар ин амалиёт гурўҳҳои санҷишии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Ҳамагӣ дар рафти чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус 20 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид, ки ҳамаашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳастанд ва ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта беҳтар мебошад. Нисбати онҳо бо моддаи 138 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, бо моддаи 138 қисми 3 19 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба мақомоти суд пешниҳод карда шуд. Нисбати як нафар ҷазои маъмурӣ бо берун кардан аз ҳудуди ҷумҳурӣ татбиқ гардид. Маблағи умумии ҷаримаи басташуда 28 ҳазор сомониро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки аз ҷумлаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар марҳилаи аввали чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал – 2018” оғоз карда шуда 18 ададаш ба гурўҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Раёсат ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (9-тогӣ) рост меояд. Дар ин радиф бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Гулистон ва Бўстон ҳам як ададӣ ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро ошкор намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи анъана дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нимсола пешқадамони марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-ро қадршиносӣ менамояд.

                                                                           Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                               дар вилояти Суғд