Муҳоҷирати экологӣ-марҳилаи дуюм

60 просмотров

Дар иртибот, ба масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ бояд зикр кард, ки масъалаҳои мазкур яке аз муҳимтарин самти сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо мебошад ва пайваста дар мадди назари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла. Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» аз ҷониби мақомоти дахлдор дар шаҳри Душанбе, як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд. Ба сокинони шаҳри Душанбе, хусусан ба он шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт, ки қаблан ҳамчун муҳоҷирони экологӣ эътироф шуданд, маълум менамоем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва беҳтар намудани шароити зисти муҳоҷирони экологӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташакилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар соли 2018» 12 декабри соли 2018, №774 ба тасвиб расид. Мутобиқи муқаррароти қарори мазкур дар марҳилаи дуюм, соли 2018 кӯчонидани 16 хоҷагиҳои муҳоҷирони экологї дар шаҳри Душанбе (6 хоҷагӣ аз ноҳияи Шоҳмансур ва 10 хоҷагӣ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи муқаррароти банди 2 қарори зикргардида Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки лоиҳаи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба муҳоҷирони экологӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин омода намуда барои ба тасвиб расонидан ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

Айни ҳол кор дар самти мазкур идома дорад.

                                                                                                       

Д. Азизов

                                                                                           мудири бахши муҳоҷирати

                                                                                          экологии Раёсати Хадамоти

                                                                                    муҳоҷират дар шаҳри Душанбе