Чорабинии муштарак дар Деваштич

148 просмотров

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми ҳафтаи равон ҳам дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ намуда истодааст. Чорабинии навбатӣ дар љамоати деҳои Муҷуни ноҳияи Деваштич доир гардид.

Гурўҳи муштараки корӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшан Раҳимов, намояндаи ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Шоира Собирова, машваратчии калони Маркази захираҳои меҳнатии шаҳри Санкт – Питербург Фарида Иброҳимова ва коргузори МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Насибахон Ҳусайноваро сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова, ҳамзамон раис Ҳамидулло Абдуллоев ва муовини раиси ҷамоат Турдихон Маллаева ҳамроҳӣ намуданд.

Ба ғайр аз баррасии мавзўъҳои анъанавӣ, ки дар чорабиниҳои машваратӣ – маърифатии имсола баррасӣ шуда истодаанд, ба иштирокчиёни вохўрӣ ҳамзамон ҷойҳои кори холии аз шаҳри Санкт – Питербург пешниҳодшуда муаррифӣ гардид. Якҷоя бо кормандони ҷамоат шумораи иштирокчиёни чорабинӣ 55 нафарро ташкил дод.

 

                                                                         Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар ноҳияи Деваштич