Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

79 просмотров

Имрўзҳо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ идома доранд. Бунёди майдончаи варзишӣ воқеъ дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳалаи 112 –и ноҳияи Синои ш. Душанбе, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф сохта шудааст, аз чунин иқдомҳои ғамхоронаи Роҳбарияти Олии кишвар ба аҳолӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки майдончаи варзишӣ дар масоҳати 1500м2 бунёд гардида, он мутобиқи лоиҳаи ангоравӣ аз майдончаҳои футбол, баскетбол, волейбол ва бозии кўдакона иборат мебошад. Инчунин, майдонча бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо дарахтони ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст.

Сокинони маҳалла бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи ин  иншооти варзишӣ-фарҳангӣ ба мақомоти давлатӣ ибрози сипосу миннатдорӣ намуданд.

                                                Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                             аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон