Бо омилҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд

108 просмотров

Роҳу усулҳо ва омилҳои асосии ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ зимни вохӯрии намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳољират ва шуғли аҳолии ҶТ баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ Муқим Нигора Аминзода, сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд ва таъмини иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», инчунин оид ба нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати Агентӣ ибрози назар намуд.

Таъкид шуд, ки ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон зидди омилҳои коррупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар самти татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бояд тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи кишвар саҳми муносиб гузошта, бобати решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир баранд.

                                                                                    Анвар Юсупов