Марҳилаи авали пурсиш ҷамъбаст шуд

71 просмотров

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2009, №266 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 20.07.2009, №191 «Дар бораи ҷамъбасти маълумоти оморӣ оид ба муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар» қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расидааст.

Давоми моҳи июни соли равон дар асоси ин қарорҳо барои муайян намудани теъдоди умумии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии вилоят бо роҳи гузаронидани пурсиш дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гурўҳҳои махсуси корӣ ташкил карда шуданд.

Ба ҳайати гурўҳҳои корӣ намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти  муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ҷалб гардиданд.

Гурўҳҳои корӣ таҳти назорати бевоситаи муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки сарпарасти соҳаи муҳоҷират мебошанд, фаъолият намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи вазифаю ваколатҳои худ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи пурсиш чораҳои амалӣ андешид.

Натиҷаи ташкили хуби кор буд, ки пурсиши дар ба дар ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ дар мўҳлати пешбинишуда гузаронида шуд. Дар вақти пурсиши дар ба дар ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ муҳоҷироне низ ба қайд гирифта шуданд, ки солҳои тўлонӣ дар муҳоҷират қарор доранд ё соҳиби душаҳрвандӣҳастанд.

Аз рўи ҷамъбасти натиҷаҳои пурсиш ба ҳолати 25.06.2018 аз ҷумлаи сокинони вилояти Суғд 191190 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Шумораи аз ҳама бештари онҳо дар Федератсияи Русия (183393 нафар) ва Ҷумҳурии Қазоқистон (3729 нафар) мебошанд.

 

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар вилояти Суғд