Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ суст ҷарраён дорад

71 просмотров

Бо назардошти оғози Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол аз моҳи май сар карда сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд якбора суст шуд. Новобаста ба ин, баъзе субъектҳои хоҷагидор дар самти мазкур корҳои муайянро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла 25 июн соҳибкорӣ инфиродӣ Маҳмудов Ш. Аз ноҳияи Ашт 18 нафар ҳамдиёронашро ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд. Аз рўи гуфти номбурда худи ў вазифаи роҳбаладро ба зимма дорад ва мувофиқи шартнома мўҳлати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон 1 сол пешбинӣ шудааст. Онҳо ба ҳайси коргари кироя фаъолият хоҳанд бурд.

Дар ҳамин сана аз ҷониби ҶДММ “Суғдиён Помир тур” низ як гурўҳи 45-нафара ба шаҳри Оренбург гусел карда шуд. Муҳоҷирони меҳнатӣ сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон буда, мўҳлати муҳоҷирати худро аз 3 то 8 моҳ нишон додаанд.

Пеш аз гусел дар байни ҳар ду гурўҳ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба муҳоҷирати бехатар корҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.

 

                                                                                            Мардон Қурбонов