Идомаи чорабиниҳои муштарак

121 просмотров

Давоми ҳафтаи равон ҳам дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон”дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ доир шуданд, ки мавзўи асосиашон пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) буд.

Аз ҷумла дар толори ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз ҷониби гурўҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Р. Раҳимов, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” Ш. Собирова, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия С. Баҳодурова, машваратчии калони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар шаҳри Санкт – Питербург”, мутахассиси МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд Н. Ҳусаинова ва котиби ҷамоати болозикр Ҳ. Абдуллоев мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо доир гардид. Ҳамагӣ дар ин чорабинӣ 55 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд.

Новобаста ба он, ки мавзўи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО буд, дар рафти он чандин масъалаи дигар, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони дохиливу экологӣ ва ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи бахши муҳоҷират дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин радиф ба иштирокчиёни мулоқот моҳияти Созишномаи миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.

Аъзоёни гурўҳи корӣ баъди суханронӣ ва мубодилаи афкор ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.

 

                                                                              Мардон Қурбонов