Ташаббуси “Иқболи нек” дар Зарҳалол

71 просмотров

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ҳамкории босамарро бо ташкилоти ҷамъиятии “Иқболи нек” ба роҳ мондааст. 20 июли соли равон дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол чорабинии муштараки бахш бо ташкилоти мазкур доир гардид.

Чорабинӣ дар толори ҷамоат бо фарогирии зиёда аз 45 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар сатҳи баланд гузашт. Дар назди ҳозирин сармутахассиси ҷамоат оид ба омор Г. Умарова, мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират  Ф. Ҳакимов, корманди иҷтимоии ташкилоти ҷамъиятии “Иқболи нек” М. Бафоев суханронӣ намуданд. Ба иштирокчиён оид ба ҳадафҳои барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаи USAID вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои сироятӣ маълумоти васеъ дода шуд. Ҳамчунин онҳо вобаста ба чораҳои пешгирӣ ва табобати чунин бемориҳо тавсия гирифтанд.

 

                                                                                 Мардон Қурбонов