Тақвияти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ

52 просмотров

Баъди танаффуси кўтоҳмуддат вобаста ба баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол рўзҳои охир сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия аз нав авҷ гирифтаистодааст. Чун моҳҳои қабл аз чемпионат ҳоло ҳамарўза садҳо нафар шаҳрвандон бо мақсади муайян намудани вазъи ҳуқукқиашон ба маркази маълумотдиҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ташриф меоранд.

Бо назардошти ин, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич тасмим гирифтааст, ки дар самти ташвиқоту тарғибот ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияташро боз ҳам тақвият бахшад.

– Дар ин самт,- мегўяд сардори бахш Санавбар Баҳодурова,- моро бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеа дастгирӣ карда истодаанд. Оғоз аз моҳи июл гурўҳи кории бахш ба ҷамоатҳои нисбатан дурдаст баромада, бо ҷалби намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, қабл аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилию ихтиёрӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот доир намуда истодаанд. Дар чорабиниҳое, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Муҷун, Ростровут ва Ҷавкандак гузоштанд, шумораи иштирокчиён аз 200-нафарӣ бештар буд.

Дар рафти мулоқотҳо муҳоҷирати бехатар ва пешгирии падидаю омилҳои номатлуб мавзўи асосӣ бошанд ҳам, аҳли ҷомеаро ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, рушди ҳунарҳои миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таълиму тарбияи сазовори фарзандон, иштироки фаъолона дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудем.

Тибқи нақшаи бахш ҳамин гуна вохўриҳо бо аҳли ҷомеа дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия гузаронида мешаванд.

 

                                                                                               Мардон Қурбонов