Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа

61 просмотров

20 июл  маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 доир гардид.

Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар назди мо – кормандони соҳаи муҳоҷират низ як қатор вазифаҳои муҳимро вогузор намуд. Ҳамчунин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи рамазонва сафари кориашон ба вилояти Суғд аз ҳар яке мо фаъолнокӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Ҳисоботи нимсолаи Раёсат аз ҷониби мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов қироат шуд. Дар ҳисобот таъкид шуд, ки дар радифи аҳли ҷомеа кормандони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҳам дар раванди бунёдкорию созандагӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар рафти музокира вобаста ба вазифаҳои дар ҷаласаи ҳисоботии семоҳа гузошташуда мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент Фирдавс Умаров, Шаҳристон Охунҷон Тўйчиев, Деваштич Санавбар Баҳодурова, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов, Зафаробод Илҳомҷон Турсунов ва сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов оид ба вазъи муҳоҷирати дохилию экологӣ, рафти ҷудо гардидани қитъаҳои замин, кўчонидани аҳолӣ, дастрас намудани қарзи имтиёзнок ва баргардонидани маблағи қарзҳои мўҳлаташон баохиррасида, ба вуҷуд овардани инфрасохтор  ва бунёди манзил маълумот дода, ба саволҳои Сардори Раёсат посух гуфтанд.

Гузориши сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшан Раҳимов вобаста ба санҷиши фаъолият ва расонидани кўмаки амалию методӣ дар идомаи маҷлис шунида шуд. Зайнура Шарифӣ вобаста ба камбудиҳои дар рафти ин санҷиш ошкоргардида аз мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан Ҳабибҷон Сабуров, Истиқлол Фахриддин Ойматов, Шаҳристон Охунҷон Туйчиев, Спитамен Баҳром Урунов, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов ва Мастчоҳ Раҳмат Қурбонов пурсиш ба амал овард.

Оид ба бақайдгирии муҳоҷирон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров ба таври мухтасар гузориш дод.

Аз рўи масъалаи дуюми рўзнома риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сардори Раёсат вобаста ба ин масъала бо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Охунҷон Туйчиев ва масъули бахши коргузории Раёсат Биҳафиза Домуллоҷонова саволу ҷавоб кард. Ҳамзамон вазъи таҳияи рўйхати ном ба номи муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили маҳзани муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва обуна ба рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” ба таври васеъ муҳокима шуд.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Раёсат ба охир расид.

 

                                                                                               Мардон Қурбонов