Қарори раиси шаҳр барои муҳоҷирон ба имзо расид

68 просмотров

Бо мақсади иҷрои супориши протоколии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 қарори раиси шаҳри Исфара ба имзо расид.

Қарори мазкур ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ нигаронида шудааст. Дар асоси он барои 20 оилаи муҳоҷирони дохилии соли 2018 аз мавзеи Моҳпарӣ баҳри бунёди манзил қитъаи замин ҷудо мегардад.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №647 аз 02.11.2015 соли равон аз шаҳри Исфара кўчонидани 20 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ба нақша гирифта шуда буд. Муҳоҷирон тасмим гирифтанд, ки баъди гирифтани сертификат оид ба ҳуқуқии истифодабарии қитъаи замин ба бунёди манзил оғоз менамоянд.

 

Мардон Қурбонов