Мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар маркази диққат

109 просмотров

8 августи соли равон дар бинои Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Бо назардошти табақаи осебпазир маҳсуб шудани муҳоҷирони меҳнатӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнура Шарифӣ низ аъзои Шўрои мазкур мебошад.

Ҷаласаи Шўро таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ҷараён гирифт ва ба мавзўи рафти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 бахшида шуд.

Баъди шунидани ҳисоботу гузоришҳо ва саволу ҷавоб вобаста ба тақвияти корҳо дар самти мазкур, ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи Рамазон қарори дахлдор қабул гардид.

Пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз самтҳои фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират низ мебошад ва ҳамасола дар ин самт корҳои муайян ба иҷро мерасанд. Дар умум давоми моҳҳои январ – июн дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 191 адад чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо фарогирии 14602 (мард 10362, зан 4240) нафар  шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо гузаронида шуданд.

Аъзоёни гурўҳҳои корӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, тарзи ҳаёти солим ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ташвиқу таврғиб намуда, аҳли диёрро ба ҳамдилию ҳамгироӣ, муносибати нек бо ҳамсоягон, бунёдкорию созандагӣ даъват намуданд.

Яке аз мавзўъҳои асосии чунин чорабиниҳо пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла БПНМ буд.

 

                                                                                                 Мардон Қурбонов

вилояти Суғд