Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб

69 просмотров

Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидайни онҳо баргузор гардид.

Дар вохўрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, инчунин котиби ҷамоати деҳоти Лучоб ва сокинони он иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш мудири бахши Хадамот дар ноҳия маълумоти мухтасар оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия барои муҳоҷирон, дигаргуниҳои воридгашта дар қонунгузории навъи он, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ ва шуғли аҳолӣ мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои мубрами рўз, ки ў қайд намуд, ин мубориза алайҳи сирояти вируси норасоии масунияти одам маҳсуб ёфта, пешгирии он кори дастаҷамъона мебошад ва аз ҳама қишрҳои ҷомеа масъулияти баландро тақозо менамояд.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ дар ноҳияи Варзоб иброз намуд, ки ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, варзиш, машғул шуда аз корҳои ношоиста даст кашанду ба кабомўзӣ машғул шаванд. Инчунин ў қайд кард, ки шомилшавии ҷавонон (муҳоҷирони меҳнатӣ) ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷудошавии оилаҳо бештар ба назар мерасад.

Аз иштирокдорон (муҳоҷирони меҳнатӣ) хоҳиш карда шуд, ки пеш аз сафар ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ташриф биёранд ва худашонро санҷанд, ки дубора воридшавиашон ба Федератсияи Россия иҷозат ҳаст ё не?

Дар фарҷом аз ҷониби намояндагон ба ҷамъомадагон (муҳоҷирони меҳнатӣ), ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд варақаҳои ёддоштҳо (буклетҳо) дастрас карда шуд ва ба онҳо таъкид намуданд, ки агар ихтисосманди касбу кор бошанд ба Муассисаи давлатии Агентии бекортаъминкунӣ дар хориҷа ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ 108 муроҷиат намоянд.

Чунин як вохўрии судманд бо аҳли ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ низ баргузор гардид.

 

                                                                                                            Анвар Юсупов