Мулоқоти судманд дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ

74 просмотров

Чанде пеш дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рўдакӣ бо иштироки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, муовини раиси ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо мулоқоти  судманд баргузор гардид.

Бароматкунандагон доир ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм сухан гуфта, аҳли толор дар ибтидо аз ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, ташкилкунандагону иҷрокунандагони ин амали номардонаву нангинро маҳкум карданд.

Ба сокинони деҳот, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли байти онҳо, мафҳумҳои ифротгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохтанд. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва тамоми аҳли ҷомеаро даъват намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҳамзамон иштирокчиён ба ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва истиқболи сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват шуданд.

Дар умум дар ин чорабинӣ 105 нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳот иштирок намуданд.

 

                                                                                                         Анвар Юсупов