Мулоқот дар синфхонаи Раёсат

72 просмотров

Кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарўза дар синфхонаи Раёсат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот баргузор менамоянд.

Дар суҳбат бо муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб, пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ (вируси норасоии масунияти одам) таваҷҷуҳ медиҳанд. Аҳли нишастро ба бунёдкорию созандагӣ даъват намуда, таъкид мекунанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.

Ҳамчунин онҳо доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, қоидаҳои буду боши муҳоҷирон дар давлати қабулкунанда суханронӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки рўзе то 100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои санҷиши маҷбуран берун кардан (депортатсия), иҷозаи кор ва патент дар Россия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, ба расмият даровардани хуҷҷатҳо, бедарак гаштани хешовандони наздик ва ба Ватан баргардонидани онҳо ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Бори дигар таъкид менамоем, ки дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ному насаби шаҳрвандони кишварамон аз тариқи рўйхати беруншудагони маҳзанаи иттилоотии Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират (собиқ ФМС РФ) ҳамарўза ворид мешаванд. Дар навбати худ кормандони шуъба омодаанд ба саволҳои муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода, дар баробари ин бо онҳо низ ҳамсўҳбат мешаванд.

                                                                                          Анвар Юсупов