Ҷавобан ба дастурҳои сарвари давлат

72 просмотров

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳояшон зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар ва бахшида ба Рўзи дониш ва Дарси сулҳ баён доштанд, пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масунияти одам (ВНМО/СПИД) имрўз ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рўз табдил ёфта, ҳамкориву ҳамдастии ниҳодҳои гуногун ва дар умум тамоми аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти 8-моҳа ин нукта аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳам таъкид шуд.

Бо назардошти он ки муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа маҳсуб мешаванд, дар самти, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳољирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо низ ҳамасола корҳои муайян ба анҷом мерасанд.

Аз ҷумла бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ВНМО, гепатит ва сил дар толори љамоати деҳоти Понғоз чорабинии маърифатӣ – иттилоотӣ гузаронида шуд, ки дар он 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок карданд.

Дар рафти мулоқот дигар масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам баррасӣ ва ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                            дар вилояти Суғд