Муҳоҷирон бо ҷойи кор таъмин шуданд

52 просмотров

Дар қиёс бо солҳои пеш соли равон дар вилояти Суғд аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор муташаккилона бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа сусттар ҷараён гирифт, ки яке аз сабабҳои асосии он ба охир расидани муҳлати амали Иҷозатномаи баъзе субъектҳои хоҷагидори ба ин намуди фаъолият машғул буда мебошад. Соли ҷорӣ дар самти мазкур ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзова К» таҳти сарварии Р. Мирзобоев бештар фаъолнокӣ зоҳир намуд.

Ширкати мазкур муҳоҷирони меҳнатиро асосан дар вилоятҳои Москва ва Волгогради Федератсияи Россия бо корҳои мавсимӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин менамояд. Аз сабаби дар фасли баҳор оғоз ёфтани корҳои саҳроӣ теъдоди бештари муҳоҷирон ба Россия моҳҳои апрел – май интиқол додашаванд ҳам, сафарбаркунию бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо тамоми сол давом мекунад.

Чунончи 3 сентябр соли равон зери роҳбарии Абдукарим Қаюмов гурўҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳайати 14 нафар барои таъмин намудан бо ҷойи кор ба вилояти Волгоград сафарбар шуд. Бино ба иттилои сардори даста (бригадир) Шоҳида Азимова муҳлати муҳоҷирати аъзои гурўҳ тибқи шартнома 11 моҳ пешбинӣ шудааст. Ҳамаи сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Спитамен мебошанд ва таҷрибаи хуби деҳқонӣ доранд.

 

                                                                                                     Мардон Қурбонов