Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

96 просмотров

Музаффариятҳои  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ки кишварамон дар зарфи 27 сол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба он мушарраф гардидааст, 7 сентяр зимни ҳамоише дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода сараввал доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар даврони Истиқлолияти  давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи 27 соли  Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ аз дастовардҳои муҳими солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.  Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ  қадамҳои муассир мегузорад».

Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол муқаддам,  аниқтараш 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Он барои миллати тоҷик неъмати бузург буда, таҷлили ин санаи таърихӣ барои  мардуми тоҷик ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, бо назардошти вазъи  зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзи ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ барои  ҳар як  фарди ҷомеа  муҳим буда, танҳо бо роҳи ифодаи садоқат ба Ватан, миллат, ваҳдат, меҳнати софдилона    ва худогоҳӣ метавонем   дар пешрафту шукуфоӣ,  таъмини суботу осоиштагии сарзаминамон  ва ҳифзи  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар гуна  таҳдидҳои замони муосир  саҳмгузор бошем.

Сипас фильми мустанад, ки кормандони шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Хадамот омода намудаанд пешкаш гардид.

Дар фарҷом ба чанд нафар кормандони фаъоли дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он бо “Ифтихорнома” ва “Раҳматнома”-и Хадамоти муҳоҷират сарфароз гардонида шуданд.

                                                                                             Анвар Юсупов