Аёдати тарбиятгирандагони марказ

35 просмотров

Дар арафаи фарорасии ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи аёдатӣ дар ҳайати мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсати Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоидов ва мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторӣ ба муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кўдакон» ташриф оварданд. Ба ин муносибат бо иштироки мураббиёну устодон ва хонандагони шуъбаҳои рўзонаю шабона ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид.

Зимни суханронӣ Ҳусейнҷон Зоидов табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Манзурат Саторова табрики раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи иштирокчиёни чорабинии идона расониданд.

Аз ҷониби сарпарасти муассиса – Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Сорбон» барои харидорӣ намудани ду (баста) комлект либоси мактабӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ кўмаки молиявӣ расонида шуд.

Дар ин радиф маъмурияти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон барои 18 нафар хонандагон дастурхони идона орост.

Ёдовар мешавем, ки ин гунна амалҳои хайр дар арафаи ҷашну санаҳои таърихӣ аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои зертобеи он мунтазам роҳандозӣ мешавад.

                                                                        Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                             дар шаҳри Хуҷанд