Ду семинар вобаста ба як мавзўъ

82 просмотров

Имрўзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент ҳам ташкил ва гузаронидани семинар – машваратҳо бо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо мааром ҷараён дорад. Албатта, мақсад аз роҳандозии ин иқдом пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва пешгирии падидаҳои номатлуб мебошад.

– Дар ин самт мо корро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират ба роҳ мондаем,- гуфт зимни мусоҳиба сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Фирдавс Умаров. – Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд моро мунтазам бо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва шумораҳои охирини рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» таъмин менамояд ва аз ин боис сипосгузорем.

Семинар – машваратҳое, ки ба наздикӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ ва Ворў доир шуданд, зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон, қабл аз ҳама муҳоҷирони меҳнатию аъзои оилаи онҳоро ба ҳам оварданд.

– Зимни суханронӣ бештар ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар ва саҳмгузорӣ дар раванди бунёдкорию созандагӣ эътибор додем,- баён дошт дар идома мавсуф.

Тибқи нақшаи кори шуъба чорабиниҳои минбаъдаи маърифатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Сўҷина доир мешаванд.

 

                                                                                               Мардон Қурбонов