Муҳоҷиртаи меҳнатӣ аз навоҳии кишоварзӣ

33 просмотров

Дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо ва К» гурўҳи нави муҳоҷирони меҳнатиро ба ноҳияи Дмитровои вилояти Москваи Федератсияи Россия барои таъмин намудан бо ҷойи кор сафарбар кард. Ба ҳайати гурўҳ 25 нафар сокинони ноҳияи Спитамен шомил буданд.

Муҳлати муҳоҷирати онҳо тибқи шартномаи меҳнатии бо кордиҳанда бастаашон 11 моҳ мебошад. Ёдовар мешавем, ки соли равон аз байни субъектҳои хоҷагидори амалкунандаи вилояти Суғд асосан ҶДММ «Мирзо ва К» дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мебарад.

– Ширкати мазкур чандин сол боз муҳоҷирони меҳнатиро дар вилоятҳои Москваю Волгоград бо корҳои мавсимӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин менамояд, – мегўяд роҳбари гурўҳ Илёс Ҳайдаров. –      Бо назардошти таҷрибаи хуби деҳқонӣ доштанашон онҳо асосан аз ҳисоби сокинони ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ, Зафарободу Деваштич интихоб мешаванд.

Намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пеш аз гусел дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадеҳӣ бурданд.

 

                                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                дар вилояти Суғд