Мулоқот бо муҳоҷирони дохилӣ

103 просмотров

Бо мақсади омўзиши рафти татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015» ва  аз 2 ноябри соли 2015, №647 “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2018”, корҳои сохтмонӣ ва тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ барои муҳоҷирони дохилии солҳои 2016-2018 ва омодагии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои қабули муҳоҷирони ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд гурўҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоидов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев ва дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни омўзиш ва суҳбат бо муҳоҷирон маълум шуд, ки онҳо дар ҷойи нави зист – мавзеъи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ корҳои муайянро ба сомон расонидаанд, – гуфт роҳбари гурўҳи корӣ Ҳусейнҷон Зоидов. – Чунончи, аз 50 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 7 оила сохтмони хонаҳоро пурра ба анҷом расонида, 18 оила девор бардоштаанд, 13 оила таҳкурсӣ рехтаанд, 4 оила қуму сангу шағал захира карда, 6 оила бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани сарваронашон ба корҳои сохтмонӣ оғоз накардаанд. Айни замон дар мавзеи муҳоҷирон 2 оила ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

Аз 140 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Айнӣ 7 оила пурра корҳои сохтмониро ба итмом расонида, аз ҷумлаи онҳо 4 оила дар манзилҳои нав зиндагӣ доранд. Дар ин радиф 7 оила девори хонаҳои истиқоматиро бардоштаанд, 20 оила таҳкурсӣ рехтаанд, 12 – оила қуму сангу шағал оварда, 94  оила ба оғози корҳои сохтмонӣ омодагӣ дида истодаанд. Ҳангоми боздид 2 оила ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд.

Зимни суҳбат муҳоҷирон иброз доштанд, ки дар сурати ҳалли худро ёфтани баъзе муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби мақомоту сохторҳои дахлдор боз ҳам тезтар шудани суръати корҳои сохтмонӣ аз эҳтимол дур нест. Яке аз муаммоҳои асосӣ таъминот бо оби нўшокию полезист. Қубурҳои обгузари васлгардида то ҳол ба нуқтаи об пайваст карда нашудаанд. Аз ин рў муҳоҷирон на танҳо аз оби нўшокӣ, балки аз оби полезии барои корҳои сохтмонӣ лозим танқисӣ мекашанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, таҳти №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дороҳои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2018» аз ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кўчонидани 135 хоҷагӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон аз ин 135 оила 106 оила бо қитъаи замини наздиҳалигӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, деҳаи Сунбулаи ноҳияи Хуросон таъмин ва 68 оила аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор гардида, 6 оила ба корҳои сохтмонӣ оғоз намудаанд.

Гурўҳи корӣ дар рафти суҳбати озод фикру андеша ва пешниҳоду дархости муҳоҷиронро шунида, барои расонидан ба мақомоти болоӣ ба қайд гирифт, дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд ва ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид дод.

 

                                                                                  Мардон Қурбонов