ЗАБОНИ МОДАРИЯМ – ИФТИХОРАМ

44 просмотров

Забон ояд ба кас чун шири модар,

Аз ин рў асли ҷон аст асли ҷон аст.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанўз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз камудааст, ба аллаи модар, кӣ бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва тахти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилҳост. Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ бузург.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизӣ бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд. Инро дидаву шунида. мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарўза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рўзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарӣ хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омўхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрўз ҳам ашъори Рўдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанўз дар замонҳои зиндагии Рўдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ ў саҳми босазое гузоштааст. Ў эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба сўи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рўдакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то, ба имрўз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъӣ беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.

Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рўзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989 22-июл бо қарори Шўроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ — забони тоҷикӣ – эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки ватъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мўҳтарам Эмолалӣ Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ў низ пойдор хоҳад буд».

Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекўшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург. лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ў,

То забондор аст, бисёр аст ў.

— гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондўстон медонем.

Хулоса, забони модарӣ, шаҳди хаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст.

Имрўз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам.

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,

Ба Синову Хайёмат саҷда орам

                                                                             Зоир Худоёров

                                            мутахассиси пешбарӣ шуъбаи муносибатҳои

                                                                   байналмилалӣ, робита бо ҷомеа

                                                                              ва ҳамватанони бурунмарзӣ