Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон мебошад

63 просмотров

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург  Рўдакӣ,  Фирдавсӣ,  Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз,  Дониш,  Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб,  Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ  — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмўъ: порсигўёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 миллион мардум мебошанд. Фақат ба гўиши тоҷикӣ 8,6 миллион (2018)  нафар гап мезананд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омўзиши забони порсӣ – тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рўз то рўз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба тарки билуғавии забони он ворид мешаванд.

Ҳамасола «Рўзи забони тоҷикӣ» дар Тоҷикистон 5-уми октябр таҷлил мешавад. Порлумони кишвар дар ҳамин рўз Қонуни дуввуми забони давлатиро ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қонун «Рўзи забони тоҷикӣ», ки ҳамасола 22-юми июл, дар рўзи тасвиби қонуни авали забон, таҷлил мешуд, ба панҷуми октябр гузаронида  шуд.

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед,

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед..

                                                                                Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                  дар шаҳри Душанбе