Камбудиҳо ислоҳ мешаванд

41 просмотров

Ба ҳолати моҳи октябри соли равон дар миқёси вилояти Суғд 9 адад субъектҳои хоҷагидор бо Иҷозатномаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба мусофиркашонии байналмилалӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа машғул мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо ҶДММ «Мирзо ва К» ба фаъолияти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, субъектҳои хоҷагидори боқимонда –  «Сомон экспресстранс», «Суғдиён Помир тур», «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Роҳи Абрешим», «Олами саёҳат», «Хуҷанд транс сервис», «Сайри лаззати дунё» ва СИ «Маҳмудов» ба фаъолияти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд.

Соли равон (ба ҳолати 20 сентябр) аз ҷумлаи онҳо ҶДММ “Мирзо ва К” дар ҳамкорӣ бо Раёсат 510 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои бо ҷойи кор таъмин кардан ба Федератсияи Россия сафарбар намуд. Тибқи шартнома онҳо дар вилоятҳои Москваю Волгоград ба корҳои мавсимии кишоварзӣ машғул мешаванд.

Дар ин радиф субъектҳои хоҷагидори “Суғдиён Помир тур” 4446 нафар, “Роҳи Абрешим” 69, “Олами саёҳат” 181 ва СИ “Маҳмудов” 509 нафар, ҷамъ 5205 нафар муҳоҷиронро сафарбар карданд. Ёдовар мешавем, ки аз хизматрасонии ин субъектҳои хоҷагидор на танҳо сокинони вилояти Суғд, балки сокинони тамоми ҷумҳурӣ истифода мебаранд ва шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои асосии транзитӣ дар ин самт маҳсуб мешавад.

Бо назардошти арзон будани нархи роҳкиро ва муташаккилона сафарбар шуданашон гурўҳи муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданро маъқул мешуморанд. Субъектҳои хоҷагидор танҳо вазифаи мусофиркашониро ба ҷо меоранду халос. Дарёфти ҷойи истиқомату ҷойи кор, расмикунонии ҳуҷҷатҳо ва ғайра ба зиммаи худи муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда мебошад.

Субъектҳои хоҷагидор мустақилона дар терминалҳои нақлиётӣ, назди бозору марказҳои калони савдо, меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди шаҳрвандон ташвиқот бурда, муҳоҷирони меҳнатиро тавассути роҳбаладону миёнаравҳо ҷамъ меоранд. Эълонҳои онҳо тариқи радиоҳои маҳаллӣ садо дода, дар шакли сатри равон мунтазам дар телевизион пахш мешавад. Тибқи қоидаи маъмулӣ субъектҳои хоҷагидор бояд пеш аз сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ рўйхати онҳоро бо сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират мувофиқа намоянд. Зеро сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират аз ҷониби хадамоти мазкур ба танзим дароварда мешавад.

Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар баробари бартариҳо ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дорад.       Чуноне, ки аз мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26.09.2018, №7/2380 ба унвони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бармеояд, вақтҳои охир, бинобар аз ҷониби шахсони тасодуфӣ сафарбар шудани муҳоҷирони меҳнатӣ, шартҳои шартномаи тарафайну ваъдаҳои додаи худро иҷро накардани субъектҳои хоҷагидор ва беэътиноии масъулин, зимни убур аз ин кишвар, дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ба мушкилот дучор шудани муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр шуда истодааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳангоми гусел ягон субъекти хоҷагидор рўйхати чунин муҳоҷирони меҳнатии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон сарсону саргардоншударо бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа накардааст ва ин сафарбаркунӣ бе огоҳонидани Раёсат роҳандозӣ шудааст. Чунин муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуфти миёнаравҳо ва роҳбаладон бовар кардаю фирефта шуда, ҷой доштани эҳтимоли фиребхўрию сарсоншавиро ба гўшаи хотирашон намеоранд. Ҳатто дар марказҳои маълумотдиҳии Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо вазъи ҳуқуқии худро санҷида, оид ба муҳоҷирати бехатар маслиҳат намегиранд.

Раёсат барои роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда, ба онҳо фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, дастрас намудани ҳар гуна маводи иттилоотӣ ва шумораҳои охирини рўзномаи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» имконият дорад ва дар ин самт мунтазам корбарӣ ҳам мекунад.

Бо мақсади ислоҳи вазъият ва таъмини иҷрои супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки гуселу сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар ҳамин ду терминали нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад, Раёсат барои осон намудани мушкилоти муҳоҷирон дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи «Роҳи Абрешим» ду нуқтаи сайёри маълумотдиҳӣ ташкил намуд. Ин нуқтаҳо минбаъд дар рўзҳои сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ (сешанбе ва ҷумъа) фаъолият мебаранд ва кормандони Раёсат шиносномаҳои онҳоро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян менамоянд.

Аз ҷумла 2-юми октябр таҳти роҳбарии сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшанҷон Раҳимов кормандони дастгоҳи Раёсат Аҳмадхўҷа Ахмедов, Рустамҷон Ҷамолов ва Нилуфар Сатторова дар ин терминалҳои нақлиётӣ шиносномаҳои муҳоҷирони меҳнатии тариқи автобусҳо сафарбаршавандаро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намуданд. Роҳбарият ва дигар шахсони масъул дар ҳар ду терминал ҳам барои кормандони Раёсат утоқи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсиҳо ва техникаи компутерӣ ҷудо намуданд. Падидаи ҷолиб ба ғайр аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба нуқтаҳои маълумотдиҳӣ ташриф овардани намояндагони дигар табақаҳои аҳолӣ буд.

Дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ҶДММ «Иттиҳодияи автовокзалҳо», дар истгоҳи «Роҳи Абрешим» бошад, ҶДММ «Роҳи Абрешим» муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия гуселониданд. Онҳо то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути микроавтобусҳо интиқол дода шуда, баъдан ба автобус савор мешаванд.  Ҳамагӣ то вақти сафарбаркунӣ ба ҳар ду нуқтаи маслиҳатдиҳӣ бештар аз 100 нафар шаҳрвандон ташриф оварданд. Ба ғайр аз санҷидани шиноснома ва муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид ва ба миқдори муайян маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон Раёсат бо мактуби расмӣ аз 27.09.2018, №16/1- 345 ба сарварони ҳамаи субъектҳои хоҷагидор дастур дод, ки минбаъд сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ бо мувофиқаи рўйхати онҳо бо Раёсат, санҷидани шиноснома ва муайян намудани вазъи ҳуқуқӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию дастрас кардани маводҳои ташвиқотӣ – тарғиботӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, хабардорсозӣ ва пешакӣ тайёр намудани онҳо ба вазъиятҳои фавқулодда, тавассути воситаҳои нақлиёти коршоями ба сафари дур омодабуда ба роҳ монда шуда, роҳбаладон ва намояндагони субъектҳои хоҷагидор сафарбаршудагонро то охир ҳамроҳӣ кунанд.

Ба шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо низ супориш дода шуд, ки раванди мазкурро таҳти назорати қатъӣ гирифта, зимни роҳандозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва мулоқот бо аҳли ҷомеа тавассути овезаю шиорҳо, суханронӣ, чопи мақола, эълонҳои радиоиву телевизионӣ шаҳрвандонро аз мушкилоти сафар огоҳонанд. Ба онҳо маслиҳат диҳанд, ки пеш аз сафар дар нуқтаҳои маълумотдиҳии мавҷуда шиносномаи худро ҳатман санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намоянд, аз мутахассисон маслиҳат гирифта, бо маводҳои иттилоотӣ ва бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шаванд, ба доми фиреби роҳбаладони тасодуфӣ ва миёнаравҳои ношинос наафтода, қабл аз ба роҳ баромадан бо субъекти хоҷагидор ҳатман шартнома банданд ва иҷрои онро талаб намоянд.

Ҳамин гуна дастуру супоришро  кормандони дастгоҳи Раёсат низ, ки ба ташкилу гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва дастурдиҳӣ масъуланд, гирифтанд. Айни замон Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар рафти чунин чорабиниҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботии аз Хадамоти муҳоҷират дастрасшударо тақсим намуда истодаанд. Раёсат соли равон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ чанд номгўй дастурамал омода кард, ки дар рафти мулоқотҳо ба шаҳрвандон дастрас мешаванд. Дар онҳо тамоми қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, суроға ва рақами телефону почтаҳои электронии ҷойҳои ба онҳо даркорӣ аз қабили сафоратхона, намояндагиву консулгариҳо ва ғайра дарҷ шудаанд.

Раёсат минбаъд ҳам дар самтҳои мазкур корбариро идома дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

 

 

                                                                               Мардон Қурбонов
Су
ғд