Видео-семинар дар Хадамоти муҳоҷират

55 просмотров

10 октябр дар Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» – и шаҳри Душанбе  вебинар (видео-семинар) дар мавзўи «Қонунгузории давлатҳои қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор намудани ин чорабинӣ беҳтар намудани дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба маълумоти сифатнок бо роҳи баланд бардоштани маълумотнокии кормандони мақомотҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оиди муҳоҷират координатори миллии лоиҳа дар Қазоқистон Светлана Жасимбекова тавассути онлайн-видео аз шаҳри Остона муфассал маълумот ба иштирокчиёни он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд маълумот пешниҳод намуд. Дар шаҳри Душанбе дар ин вебинар як зумра кормандони Хадамоти муҳоҷират, МД «Агентии бо кортаъминӣ ба хориҷа» ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ фаъолона иштирок намуданд. Зимни баромади видеоӣ ў қайд кард, ки дар 8 моҳи соли равон дар Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Қазоқистон 41 ҳазору 351 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона дар ин муддат аз сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубоши ин кишвар 533 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз қаламрави он берун карда шуд. Соли 2017 бошад, шумораи берункардашудагон 485 нафарро ташкил дод.

Дар фарҷом Светлана Жасимбекова хоҳиш намуд, ки корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бахусус ба Ҷумҳурии Қазоқистон равонаанд пурзур карда шавад. Инчунин ў ба саволҳои сершумори иштирокчиёни видео-семинар ҷавобҳои мушаххас дод.

Чунин вебинар (видео-семинар) доир ба ин мавзўъ дар шаҳри Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд 19 ва 26 октябри соли равон аз тарафи экспертҳо тавассути онлайн-видео аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Полшаи Ҷумҳурии Лаҳистон баромад хоҳанд намуд.

                                                                                          Анвар Юсупов