Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018

41 просмотров

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.
Дар нуҳ моҳи соли 2018 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 2 адад лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли 2018 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ 1214,6 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,2 сомонӣ ё 4,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни ҳаққу ҳуқукҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 фаъолияти 1741 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки аз ин теъдод 1282 адад санҷиши нақшавӣ, 394 адад санҷиши гайринақшавӣ, 35 адад санҷиши иловагӣ ва 32 адади он санҷиши такрорӣ мебошанд.

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 6178 адад қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд, ки аз ин 4919 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 847 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 129 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 283 ҳолат ба масъалаҳои шугл иртибот доранд, ки фаъолияти 2722 адади он ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва 3456 адад ба ташкилоту муассисаҳои гайридавлатӣ мансуб мебошанд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда маблаги 21 млн. 678,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид ва ба шаҳрвандон пардохт карда шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 ба мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ 102689 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 72273 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 44344 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли аҳолӣ дар маҷмўъ 47072 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар асоси 249 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5206 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 16097 нафар аз ҳисоби маблагҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Ба 7942 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ дар ин давра 610 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5700 нафар корҷў дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5602 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1649 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 26318 нафар хизматрасонии касбӣ расонида шуд.
Тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 12951 нафар шаҳрванди бекор ва корҷў ба намудҳои гуногуни шугл ҷалб шуданд. Ҳамин тавр, дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ дар маҷмўъ ба 166569 нафар шаҳрванд хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмўъ 79194 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст. Аз шумораи умумии ҷойҳои нави кории таъсисдодашуда 38716 ҷойҳои кории доимӣ (48,9 фоиз), 19565 ҷойҳои кории муваққатӣ (24,7 фоиз) ва 18137 ҷойҳои кории мавсимӣ (22,9 фоиз) мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 417 ҷойҳои кории иловагӣ (0,5 фоиз) ва 2359 ҷойҳои кории барқароршуда (3,0 фоиз) мебошанд.

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 тавассути мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ, ҷиҳати машгул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2900 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 8 млн. 463,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат маҷмўан 40963 нафар шаҳрванд ба курсҳои кўтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ҷалб гардиданд.

Аз ҷумла, аз ҳисоби маблагҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 16097 нафар, тавассути худмаблаггузорӣ 9679 нафар, дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо 1278 нафар, дар муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳоикасбии техникӣ 4369 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати тайёрии касбӣ сафарбар шуда, малакаи касбии 9540 нафар бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд.

Инчунин, бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шугли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, 39068 нафар бо роҳи худмаблаггузорӣ ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд, ки дар маҷмўъ 80031 нафарро ташкил медиҳанд.

Бо эълон гардидани соли 2018 соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои таблиготию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ оид ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ васеъ ба роҳ монда шуда, курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ташкил карда шуданд. Дар ин замина 17950 нафар ба омўзиши ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили, адрасу атласбофӣ, заргариву зардўзӣ ва гайраҳо ҷалб карда шуданд, ки 22,4 фоизи шаҳрвандон дар маҷмўъ, ба касбомўзӣ фаро гирифташударо ташкил медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 310 359 нафар мард ва 48 695 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Қазоқистон 9 571 нафар сафар кардаанд.

Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 344 нафар, ё ин ки 8 % кам шудааст.
Дар ин давра аз хориҷи кишвар 279 398 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 228 533 нафар мард ва 50 865 нафар зан мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4694 нафар, ё ин ки 2% зиёд шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 31 ҳазор муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардидаст. Дар ин давра бо дахолати кормандони намояндагӣ маблаги 22 млн. 260 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагӣ 22 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарорҳои судҳои болоӣ бекор карда шуда, 9830 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо мусоидати намояндагӣ бо ҷойи кори доимӣ дар Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 92 вохўриву суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Айни замон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби сохторҳои вазорат ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми нуҳ моҳ 7 731 нафар чунин шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018» дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 388 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 67%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рўйхати дақиқи муҳоҷирони экологӣ таҳия гардида, аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ карда шуд. Тибқи қарори мазкур дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ бояд 357 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф, аз ҷумла 59 хоҷагӣ дар ВМКБ, 37 хоҷагӣ дар вилояти Сугд, 146 хоҷагӣ дар вилояти Хатлон, 16 хоҷагӣ дар шаҳри Душанбе ва 99 хоҷагӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кўчониданида шаванд.

Вазорат дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои байналмилалии соҳавиро идома дода, ҷиҳати таҳкими ин робитаҳо 3 ёддошти тафоҳум ба имзо расонид (бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб, Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой).
Дар самти корҳои ободонию созандагӣ бояд қайд кард, ки аз ҷониби вазорат сохтмони майдончаи варзиш ва бозиҳои кўдакона бо масоҳати 1500 м2 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳалаи 112 –и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

                                                              Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                   ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон