Вазифаҳои минбаъда муайян шуданд

44 просмотров

30 октябр маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давоми моҳҳои январ – сентябр ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2018 бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои  Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, мудир ва кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳ байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин намояндаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Саиднуриддин Абдумумин доир гардид, ки дар рафти он масъалаҳои натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар давоми нуҳмоҳа ва рафти обуна ба рўзномаи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлиси ҳисоботиро Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳоро ҳанўз таҳти таассуроти баланд ва рўҳияи болида аз сафари кории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қарор доранд ва маҷлиси ҳисоботӣ дар чунин муҳиту шароит доир мешавад.

Дар рафти ҷаласаҳои ҳисоботӣ дар Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш  доир гардиданд, ба фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам баҳо дода шуд. Боиси хурсандист, ки фаъолият дар аксари самтҳо қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят эълон шудани 1300 рўзи ободонию кабудизоркунӣ дар назди кормандони соҳаи муҳоҷират низ як қатор вазифаҳои муҳимро вогузор намудааст.

Ҳамчунин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат дар моҳи апрел, мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи Рамазон, суханрониҳояшон ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва ҷаласаи фаъолони вилоят дар доираи сафари навбатии кориашон, вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи мо фаъолнокию масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Дар давоми нўҳ моҳи сипаришудаи соли 2018 самтҳои асосии фаъолияти Раёсату сохторҳои зертобеи он чун пештара боқӣ монданд ва дар умум ба татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират нигаронида шуданд.

Мо аз он қаноатманд ҳастем, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо дар раванди бунёдкорию созандагӣ, қабули меҳмонони олиқадр, ҷамъоварии ҳосили пахта, аёдату дастгирии ниёзхмандон, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ низ саҳми худро гузоштанд ва гузоштанд.

Баъди анҷоми қисмати расмӣва тасдиқи рўзномаи маҷлис ҳисобот оид ба фаъолияти нўҳмоҳаро сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшанҷон Раҳимов қироат намуд.

Пас аз қироати ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсат вобаста самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва гузориши кўтоҳ вобаста ба натиҷаҳои омўзишу санҷиши фаъолияти сохторҳои зертобеъ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣҲусейнҷон Зоҳидов оид ба танзими муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, натиҷаҳои сафарҳои гурўҳҳои кории Раёсат ба шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон гузориш дод. Таъқид гардид, ки дар ин самт ҳанўз камбудиҳои ҷиддӣҷой доранд.

Вобаста ба камбудиҳои дар самти муҳоҷирати дохилию экологӣ ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои дар ҷаласаи ҳисоботии нимсола супоридашуда мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Ғайрат Бобоев, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов, Зафаробод Илҳомҷон Турсунов, Ашт Нодира Назарова ва Деваштич Санавбар Баҳодурова ба саволҳои Сардори Раёсат ҷавоб гуфтанд ва оид ба вазъи муҳоҷирати дохилию экологӣ, рафти ҷудо гардидани қитъаҳои замин, ба вуҷуд овардани инфрасохтор, бунёди манзил, кўчонидани аҳолӣ, дастрас намудани қарзи имтиёзнок ва баргардонидани маблағи қарзҳои мўҳлаташон баохиррасида маълумот доданд.

Дар идомаи маҷлиси ҳисоботӣ мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Бўстон Санҷар Сатторзода, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев ва Зафаробод Илҳомҷон Турсунов шунида шуд. Зимни саволу ҷавоб Сардори Раёсат оид ба ҳалли камбудиву норасоиҳо ба онҳо дастурҳои мушаххас дод.

Суханронии намояндаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Саиднуриддин Абдумумин ба масъалаи пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муқовимат бо терроризму экстремизм бахшида шуд. Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аксари онҳо аз деҳоти дурдаст, баъди хатми мактаб муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд. Бинобар маълумоти кофӣ ва таҷрибаи ҳаётӣ надоштанашон душманону бадхоҳони миллат метавонанд онҳоро ба осонӣ ба тарафи худ моил созанд. Тибқи таҳлилҳо аксари ҷавонону нафарони ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаропайваста собиқ муҳоҷирони меҳнатианд ва маҳз дар муҳоҷират ба доми фиреб афтодаанд.

Имрўз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест.      Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехўранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Бо назардошти ин, сохторҳои зертобеи Раёсатро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоту сохторҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣва аҳли оилаи онҳо тақвият бахшида, аз воситаҳои ахбори омма босамар истифода баранд. Дар ин радиф ба маводҳои душманони халқу давлат, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ паҳн менамоянд, ҷавоби сазовор диҳанд.

Баъдан оид ба фароҳам овардани шароити корӣ, омода намудани ҳуҷраи корӣ, бақайдгирии муҳоҷирон, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби клормандон ва рафти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров ба таври мухтасар гузориш дод.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ рафти обуна ба рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки то  30.10.2018 аз вилояти Суғд 502 нафар ба ин рўзнома обуна шудаанд.

Вобаста ба ин масъала ва дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла ҳолати омодагӣ ба пурсиши сартосарии хонаводаҳо ва таҳияи рўйхати ном ба номи муҳоҷирони меҳнатӣҷиҳати ташкили маҳзани ягонаи маълумот  Сардори Раёсат аз мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд Манзурат Саторова, Панҷакент Фирдавс Умаров, Истаравшан Ҳабибҷон Ҷумъазода, Истиқлол Фахриддин Ойматов, Шаҳристон Охунҷон Туйчиев, Спитамен Баҳром Урунов, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов ва Мастчоҳ Раҳмат Қурбонов пурсиш ба амал овард. Барои таъмини меъёри муқарраргардидаи обуна барои тамоми сохторҳои зертобеъ то охири моҳи ноябр муҳлат дода шуд.

Қабл аз ҷамъбасти маҷлис Сардори Раёсат дар ҳолати тантанавӣ ба мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова Ифтихорномаи  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Биҳафиза Домуллоҷонова Сипосномаи Хадамоти муҳоҷиратро, ки ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардароз гардонида шуда буданд, супорид.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Раёсат вобаста ба ҳамаи самтҳои кор ба охир расид.

 

                                                                                              Мардон Қурбонов