Дуюмин шуда дар вилоят 

31 просмотров

Соли равон шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки ба 20-нусхагӣ рўзномаи соҳавии “Шуғл ва муҳоҷират” обуна шаванд ва чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, дар ин самт аввалин шуда бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич (мудири бахш Санавбар Баҳодурова) марраро фатҳ намуд. Чанде пеш бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом ҳам аз таъмини иҷрои меъёри обуна мужда расонид. Бино ба иттилои мудири бахш Боҳирҷон Шарифов аҳли ҷомеаи меҳнатии ҶДММ “Нафтрасон”, ки дар шаҳри Конибодом амал мекунад, ба 10 нусха рўзнома обуна шуда, ҳамзамон ҷамоатҳои деҳоти Пўлодон, Ҳамробоев, Шарифов ва Патар, маъмурияти Бозори марказии шаҳр ва МТМУ №54 дар самти мазкур бахши Хадамоти муҳоҷиратро дастгирӣ кардаанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

дар шаҳри Конибодом