Мулоқот дар МТМУ №31

17 просмотров

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии пойтахт чанде пеш як вохўрии судмандро дар МТМУ№31 ноҳияи Шоҳмансур, бо омўзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва муҳоҷирони меҳнатию аъзоёни оилаҳои онҳо баргузор намуданд.

Муовини директори Марказ Ҷамшед Қаландаров доир ба мавзўи муҳоҷирати бехтар ва омодагии пеш аз сафар суханронӣ кард. Аз ҷумла, ў диққати иштирокчиёнро ба касбомўзӣ ва омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ҷалб намуда, гуфт ҳар шаҳрванде, ки омодаи сафари хориҷа дорад бояд ҳатман касби муносиб, донистани забони давлати қабулкунанда, маданияти давлати будубош, тасаввуроти қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират дошта бошад.

Дар рафти мусоҳибаи озод ва саволу ҷавоб иштирокчиён андешаҳои худро баён намуда, ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

Аз ҷониби Марказ ба иштирокчиён чанд номгўй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас шуд.

Анвар Юсупов