Роҳандозии корҳои иттилоотию маърифатӣ

22 просмотров

Тибқи нақшаи корӣ МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотию маърифатиро дар муассисаҳои таълимии пойтахт ва сокинони ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла бо ибтикори Марказ дар Коллеҷи информатика ва технологияи шаҳри Душанбе бо зиёда аз 150 нафар омўзгорон ва таҳсилгирандагон, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо  вохўрӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ ҳама масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ ва шуғли аҳолӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зиддӣ касалиҳои сироятии ВНМО (ВИЧ/СПИД) мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Кормандони масъули  МД  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе М.Бақоев, М.Раҷабов ва Д. Назаров ба аҳли толор мафҳумҳои ифритгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохтанд. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва кулли аҳли ҷомеаро даъват намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.

Ҳамзамон иштирокчиён ба ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват шуданд.

Баъди мусоҳибаи озод ба иштирокчиён шумораҳои охирини рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

                                                                          Анвар Юсупов