Шумораи обуначиён дар вилояти Суғд ба 500 нафар расид

22 просмотров

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рафти обуна ба нашрияи соҳавии “Шуғл ва муҳоҷират” низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 30 октябр дар миқёси вилоят обуна ба рўзномаи мазкур 502 нусха таъмин гардид. Дар ин самт бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Конибодом фаъолнокӣ нишон дода, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Хуҷанд, Бўстон, Зафаробод ва Кўҳистони Мастчоҳ низ корҳои муайянро ба иҷро расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз нишондиҳандаи умумӣ 420 нусха ба кормандони масъули дастгоҳи Раёсат тааллуқ дорад.

Мудирони шуъбаю бахшҳо ба Сардори Раёсат ваъда доданд, ки дар муҳлати пешбинишуда, яъне то охири моҳи ноябр меъёри муайяншудаи обунаро таъмин менамоянд.

                                                                                                   Мардон Қурбонов