Суҳбате дар маркази машваратӣ

26 просмотров

Муассисаи давлатӣ «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и шаҳри Душанбе вохўрии навбатиро бо як гурўҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари хориҷа доранд, баргузор кард. Дар он муовини директори Марказ Ҷамшед Қаландаров ва кормандони масъули он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат бо шаҳрвандон Ҷамшед Қаландаров муфассал дар бораи гирифтани патент дар Федератсияи Россия сухан намуда, шаҳрвандонро хотиррасон намуд, ки пеш аз сафар ба Хадамоти муҳоҷират ва Маркази машваратӣ муроҷиат намоянд. Номвар иброз дошт, ки агар мақсади ба кишвари Россия барои фаъолияти корӣ сафар карданро дошта бошед, ҳатман патентро дастрас намоед. Патент ба ҳар яки шумо имконияти кор карданро дар назди шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ таъмин менамояд.

Ҷамшед Қаландаров таъкид намуд, ки пеш аз гирифтани патент ҳар як шахси муҳоҷир бояд маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия тасдиқкунанда дошта бошад. Бояд донист, ки мақомоти ҳудудии ВКД ФР оид ба муҳоҷират (ФМС) на дертар аз 10 рўзи корӣ аз рўзи гирифтани ариза ба шаҳрвандони хориҷӣ патентро медиҳад. Муҳлати умумии амали патент бо назардошти тамдид бояд дар муддати се сол пай дар пай давом дода шавад. Бояд фаромўш накард, муҳлати амали патент вақте тамдидгардида ба ҳисоб меравад, ки агар андоз барои гирифтани он пардохт шуда бошад. Номвар ҳамчунин зикр намуд, ки дар дигар ҳолатҳо муҳлати амали патент аз рўзи охирини пардохти андоз барои гирифтани патент қатъ мегардад.

Дар навбати худ ҳуқуқшиносӣ Марказ Дилшод Убайдов мухтассар дар бораи навовариҳо дар қонунгузори кишвари Россия ба ҳозирин маълумот дод.

Дар фарҷом ширкатдорони мулоқот ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                               Анвар Юсупов