Ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират

20 просмотров

«Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосии кишвар сабт менамояд». Ин нукта дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24 – умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират 5 ноябри соли равон доир гардид, зикр карда шуд.

Дар он сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда иброз дошт, ки Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад. «Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд», –  гуфт Тоҳир Каримзода ва ҳамчунон афзуд, ки «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад».

Т. Каримзода ҳамчунон баён намуд, ки «дар асоси меъёрҳои Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияи миллии мардуми тоҷик мебошанд».

Иштирокчиёни ҷамъомад иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

                                                                                                          Анвар Юсупов