Вохӯрӣ бо Диаспораҳои Тоҷик

50 просмотров

18 ноябр Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир намуд.

Бояд қайд кард, ки мулоқоти мазкур дар доираи чорабиниҳо вобаста ба маросими расмии ифтитоҳи агрегати якуми Нерӯгоҳи оби барқии Роғун, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳузури меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ ба кор дароварда шуд, баргузор гардид.

Инчунин дар вохӯрии мазкур муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ва муовини директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзиро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки тадриҷан даъват ва ширкати фаъоли намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар дар таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни байналмалалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнвораҳои расмии ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ваҳдати комили миллӣ ва ҳамдилию ҳамбастагии халқамон далолат намуда, барои рушди босамари кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Инчунин дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони диаспора ва ҳамватонони бурунмарзӣ баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар қабул гардида аст, ки мақсади асосии он таҳким намудани робита бо ҷамъиятҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ бо онҳо, таъмини ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, ҳавасмандгардонии онҳо барои иштирок дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ ва дигар иқдомҳои нек иборат буда, дар ин замина, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин мақсаду маромҳо Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкур барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардидааст, ки айни ҳол бандҳои он мавриди иҷро қарор доранд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

                                                 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                           аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон