Дар Бишкек чӣ гуфтанд?

45 просмотров

5-9 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзўи «Сиёсати муҳоҷират» давраи омўзишӣ ҷараён гирифт ва дар доираи он семинари серўза доир гардид. Дар асоси тавсияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифӣ Зайнура, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Њикматулло Аминов, дар ноҳияи Рўдакӣ Дилшод Раҳматуллоев иштирок намуданд.

Мақсади асосӣ аз ташкил ва гузаронидани семинари серўзаи таҳлилию омўзишӣ тақвияти иқтидори мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистону Қирғизистон дар самти реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта буд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба Ватан баргаштани муҳоҷирон бо чанд тарз сурат мегирад. Тарзи аввал он аст, ки шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъди фаъолияти қонунӣ дар давраи муайян боз ба зодгоҳи худ бармегардад ва барои дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани ў ягон хел монеа мавҷуд нест. Тарзи дигар дар асоси ҳукми суд аз қаламрави кишвари қабулкунанда ба таври маҷбурӣ берун кардани муҳоҷирони меҳнатист. Барои будубоши ғайриқонунӣ ҳангоми баромадан аз қаламрави Федератсияи Россия ба як қисм муҳоҷирони меҳнатӣ, бе худашонро огоҳонидан, воридшавӣ ба қаламрави  ин давлат манъ карда мешавад ва онҳо дар диёри худ монда, то гузаштани муҳлати муқарраргардида наметавонанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Мўҳлати манъи воридшавӣ метавонад аз 3 – 5 сол ва аз ин зиёдтар бошад. Корбарӣ бо ҳар гурўҳи ин гуна муҳоҷирони меҳнатӣ тарзу усули хосро тақозо мекунад.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда айни замон барои зиёда аз 208 ҳазор нафар ҳамватанони мо, ки собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, воридшавӣ ба қаламрави Федератсия Россия муваққатан манъ гардидааст. Масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани чунин муҳоҷирони меҳнатӣ, бо касбу забономўзӣ, шаҳодатномакунонии малакаҳо ва корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифтани онҳо дар шароити имрўза масъалаи доғи рўз ба ҳисоб меравад.

Таҷдиди корхонаҳову коргоҳҳои тозабунёд, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳракҳои нави сохташаванда, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, рушди соҳибкорию кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то андозае барои бо шуғл фаро гирифтан ва дар умум реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон муваққатан манъгардида шароит фароҳам овард. Аз ҷумла тибқи маълумотҳои омории мавҷуда ва натиҷаи пурсишҳои сартосарии дар шаҳру ноҳияҳо гузаронидашуда солҳои охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Суғд тамоили пастшавӣ дорад. Бо ибораи дигар, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ сол аз сол камтар мегардад, ки ин падидаи ҷолиб аст. Новобаста ба ин, дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ҳанўз муаммою мушкилоти ҳалталаб  зиёданд.

Баъди ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил гардидани ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва Қирғизистон барои муҳоҷирони меҳнатии ин кишварҳо дар Федератсияи Россия як қатор имтиёзу сабукиҳо  фароҳам омада бошад ҳам, ҳанўз масъалаҳои ҳалталабе боқӣ мондаанд, ки ҳам барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ҳам барои муҳоҷирони меҳнатии қирғиз хосанд. Аз ин нуқтаи назар, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо барои ҳар ду ҷонибҳо – Тоҷикистон Қирғизистон тақозои замон ва мувофиқи мақсад буд.

Дар расми кушодашавии семинар сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Болтобек Ибраимҷонов, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов ва коршиноси барномаи минтақавӣ оид ба масоили муҳоҷират ва тараққиёти Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон Пиа Хонерат суханронӣ намуда, ташкил ва баргузории семинари минтақавиро қадами муҳим дар роҳи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта арзёбӣ намуданд.

Дар радифи дигар иштирокчиёни семинар дар рафти мубодилаи афкор сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти Раёсат маълумоти мухтасар дода, аҳли толорро бо таҷрибаи вилояти Суғд дар  самти реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта шинос намуд.

Дар суханронӣ зикр гардид, ки тоҷикон ва қирғизҳо асрҳо боз паҳлу ба паҳлу бо ҳам кору зиндагӣ карда, на танҳо давлатҳояшон марзи муштарак доранд, балки фарҳанги зиндагиашон ҳам аз бисёр ҷиҳат бо ҳам наздик мебошад. Ба туфайли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дўстию рафоқат ва ҳамкориҳои серпаҳлуи миёни ин ҳамсоякишварҳо сол то сол тақвият ёфта истодааст.

Ҳамзамон бо овардани мисолҳои мушаххас нишон дода шуд, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират дар самти реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида чораҳои муассир андешида мешаванд. Ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои ба дигар давлатҳои қабулкунанда сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ба имзо расонидани Созишномаҳо бо чунин давлатҳо, гуфтушуниду мулоқотҳо дар сатҳи баланди давлатӣ вобаста ба ҳалли муаммову мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.

– Семинар тайи се рўз дар сатҳи баланд гузашт. Аз ҷараёни он ҳам ташкилкунандагон, ҳам қабулкунандагон ва ҳам иштирокчиён қаноатманд шуданд. Дар рафти суханрониҳо, машғулиятҳои амалию назариявӣ ва мубодилаи афкору саволу ҷавоб ҳар як иштирокчӣ вобаста ба мавзўи баррасишаванда маълумоти кофӣ гирифт. Албатта, иштирокчиён дониши гирифта ва малакаи ҳосилнамудаашонро дар рафти фаъолияти минбаъда истифода мебаранд.

Чорабинӣ бо маросими супоридани сертификат ба ширкаткунандагон ҷамъбаст гардид.

 

Мардон Қурбонов