Дастгирӣ дар арафаи ҷашнҳои миллӣ

34 просмотров

Бо мақсади дастгирии кормандон, ҳавасмандгардонии онҳо ба меҳнат ва расонидани кўмаки моддӣ дар арафаи фарорасии Рўзи Конститутсия ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд номгўӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба таври ройгон дастрас гардид.

Чуноне ки мудири бахши молия ва хоҷагидории Раёсат Собит Собиров иттилоъ дод, ин амали хайр бо мақсади иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси вазифагузории сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва марказҳои тиҷоратӣ дар умум ба ҳар нафар корманд 1 линга картошка, 1 лингача орд (10кг), 6 литр равған ва 5 кг шакар  тақсим шуд.  Кўмаки яквақтаи мазкур дар арафаи фарорасии ҷашнҳои миллӣ рўҳияи идонаи онҳоро боло намуд ва ба унвони роҳбарият миннатдорӣ баён карданд.

Раёсат тасмим гирифтааст, ки аз рўи имконият дар арафаи дигар ҷашну санаҳои таърихӣ ҳам чунин амалҳои хайрро ба роҳ монад.

 

                                                                                                           Мардон Қурбонов