Кӯмаки амалию методӣ ба шуъба

55 просмотров

Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Раёсат ва мутахассисони ботаҷрибаи сохторҳои зертобеъ ду сол боз гурўҳи доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки вазифаи асосиаш санҷиши омўзишии фаъолияти шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва расонидани кўмаки амалию методӣ мебошад.

20 ноябр таҳти сарварии муовини сардори Раёсат Ҷамшед Сайфуллозода гурўҳи санҷишӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Биҳафиза Домуллоҷонова ва мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Нилуфар Сатторова фаъолияти шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди омўзиш қарор доданд.

Бобоҷон Ғафуров яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дар шуъбаи мазкур 3 нафар фаъолият мебаранд. Омўзиш нишон дод, ки дар баробари баъзе пешравиҳо ҳанўз дар самти коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ камбудиҳо мавҷуданд ва риояи интизоми меҳнат аз ҷониби кормандон ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Бо роҳнамоии гурўҳи санҷишӣ як қисми норасоиҳои вобаста ба ҳуҷҷатнигорӣ ислоҳ гардида, барои ислоҳи норасоиҳои дигар то охири моҳи ноябр муҳлат муқаррар карда шуд.

 

                                                                                  Мардон Қурбонов