Ба вабои аср ва наслкушӣ дар асри ҷаҳонишавӣ бетараф набошем!

39 просмотров

Кормандони масъули шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо як гурўҳ ҷавонони муҳоҷири кории ҷумҳурӣ дар фурудгоҳ мулоқот намуданд.

Мавзўи асосии мулоқот пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва оқибатҳои он, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, мақоми зан-модар дар тарбияи ҷавонон ва фарзандони бо нангу номус арзёбӣ гардид.

Дар вохўрӣ гуфта шуд, ки шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ хусусияти фаромиллӣ касб карда, амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ-гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қоҷоқи аслиҳа, хариду фурўши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқўъ пайвастанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари магрбор ҳушдор медиҳад.

Бидуни шак, имрўз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти субботу амнияти ҷаҳонист. Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мунтазам дар бораи муҳоҷирати бехатар, масъалаҳои дурӣ ҷустани ҷавонон аз ҷиноят ва ҷинояткорӣ, экстримизму терроризм, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротӣ, маводи мухаддир, хариду фуруши одамон, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои эҳтимолии муҳоҷират мустаҳкам намуда, пайваста вохўриҳо баргузор менамояд.

Пас, биёед нисбат ба чунин вабои аср ва наслкушӣ дар асри ҷаҳонишавӣ бетараф набошем ва фарзандони худро, ки дар муҳоҷиратанд ва ё дар дохили кишвар зери назорати қатъӣ гирем ва нагузорем, ки фирефтаи гурўҳҳои ифротӣ ва тўъмаи гурўҳҳои экстримистӣ ва терорристӣ шаванд ва ба Модар-Ватани худ хиёнат кунанд.

                                                                                            Анвар Юсупов