Бо усули «Хона ба хона»

46 просмотров

Гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо намояндагии бахши Хадамоти муҳоҷират, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Ҷавонон аз рўйи усули «Хона ба хона» корҳои фаврии фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор намуданд.

Зимни ин вохўриҳо бо оилаҳои муҳоҷир оид ба пешгирӣ ва огоҳкунии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба созмонҳои ғайриқонунии байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи диниву мазҳабӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ба бар накардани сару либоси ба милати мо бегона суҳбат оростанд.

Дар рафти мулоқот бо оилаҳои муҳоҷирон муайян гардид, ки агар аз оилаҳои муҳоҷир мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошанд, занони онҳо ба таълиму тарбияи доимии фарзандон машғул шуда истодаанд.

Оилаҳои муҳоҷирон аз иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод арзи сипос намуданд.

                                                                                    Анвар Юсупов