Кафшергарӣ ва забони русӣ омўхтанд

44 просмотров

Аз оғози соли 2016 то ин ҷониб баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Россия ва Қазоқистон сафар доранд, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода курсҳои омўзиши забони русӣ ва кафшергари барқиро ба роҳ монд.

Ҳар як курс ду моҳу даҳ рўз идома ёфт. Муҳоҷирони меҳнатӣ ин курсҳоро пирўзмандона ба итмом расонида, соҳиби шаҳодатнома гаштанд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» муайян карда шудааст, ки шаҳрванди хориҷии ба Федратсияи Россия воридгардида, барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи хоҷагии коммуналию манзилӣ, савдои чакана ва хизматрасонии маишӣ бояд ҳуҷҷат оид ба донистани забони русиро пешниҳод намоянд.

Бино бар ин ба шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар доранд, лозим меояд, ки ба ҳамин гуна курсҳои омўзиши забони русӣ ва гирифтани ихтисос майлу рағбат дошта бошанд.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода бо ҳамбастагии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамаи вохўриҳо ба шаҳрвандон дар бораи қонунгузориҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи кунунии сайёра ва гирифтани пеши роҳи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба қонунвайронкуниҳо, ҷалби онҳо ба касбомўзӣ ва омўзиши забони русӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳад.

                                                                                         Анвар Юсупов