Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмадбеков Моёншо Шодмонович

Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12 апрели соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1988-1991 Коргари совхози “Россия”, н. Ванҷ;

Солҳои 1989-1991 Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ, шаҳри Красноярск.;

Солҳои 1991-1992 Шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон;

Соли 1992 (08-11) Фурӯшанда дар Ширкати кооперативӣ-давлатии “Селстройторг”;

Солҳои 1992-2000 Муҳандис, сармуҳандис дар филиали Ассотсиатсияи давлатии муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2001-2004 Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2005 Намояндаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хабаровски ФР;

Соли 2005 (08-12) Ҷонишини директори Корхонаи масъулияти маҳдуди “Алишер”;

Солҳои 2006-2010 Мудири Шуъбаи муҳоҷират, урбанизатсия ва сокиншавии аҳолии Пажуҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2010-2011 Мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2011-2012 Мушовири миллӣ дар Созмони байналмилалии муҳоҷират;

Солҳои 2012-2014 Ходими калон, сарходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии Институти сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014-2018 Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 9-уми июли соли 2013 то 24 июни соли 2014 Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират

дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ш. Душанбе;

Аз 11 сентябри соли 2018 Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе.